С. Тағоева: «Шумораи зиёди бекор шудани ақди никоҳ ба оилаҳои ҷавон рост меояд»

Июль 26, 2013 11:38

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи маълумотҳои омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 42151 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 – 29 адад кам мебошад.  Чуноне ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар шашмоҳаи соли 2013 4107 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 81 ҳолат зиёд мебошад. Инчунин ӯ зикр намуд, ки аз ин шумора мутаассифона, бештарашон оилаҳои ҷавон ҳастанд: «Як сабаби пошхӯрии оилаҳо-ин муҳоҷирати меҳнатии мардон мебошад, ки ба оила таъсири зиёд мерасонад. Ҷавонписарони мо ҷиҳати дарёфти маблағ барои нигоҳубини оилаи худ ба давлатҳои дигар мераванд ва мутаассифона, аз оилаҳои худ фаромӯш мекунанду аз нигоҳубини фарзандони худ даст мекашанд. Ин ҳолатҳо зиёданд ва аз ин рӯ пошхӯрии оилаҳои ҷавон бештар ба назар мерасад»,- афзуд С. Тағоева.

Июль 26, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад