Шиносоии Сарвари давлат бо кори хоҷагиҳои деҳқонии намунавӣ дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори чанд хоҷагии деҳқонии намунавӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии Навкор бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, ин хоҷагӣ асосан бо парвариши зироатҳои гуногун, аз қабили пахта ва сабзавоту полезӣ ва ҳамчунин боғу токпарварӣ машғул будааст.Аҳли заҳмати хоҷагӣ, асосан тухмии пахтаи флора кишт карда, аз он ҳосили фаровон мерӯёнанд. Соли гузашта онҳо аз гектари ин навъи пахта 42 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Нахи ин намудаи пахта 43% будааст. Аз 130 ҳазор гектар замини кишти пахтаи имсола дар вилоят низ 70 фоизашро ҳамин навъи пахта ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки майдони кишти пахтаи маҳиннах низ зиёд карда шавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






