Сомонаи Odob.tj фаъол шуд

Июль 23, 2013 08:43

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар»).- Сомонаи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Odob.tj фаъол шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар”аз Шӯрои ВАО-и ҶТ хабар доданд.Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳи Шарифзода гуфт, ки сомонаи Odob.tj ба хотири мусоидат дар татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ва инъикоси фаъолияти ниҳоди танзимгари он -Шӯрои ВАО-и ҶТ таъсис ёфтааст. Дар баробари ин кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар сомона вобаста ба масъалаҳои мубрами вазъи озодии сухан ва рушди журналистикаи миллӣ хабару гузоришҳо пахш гарданд.“Ҳоло ки Шӯрои ВАО дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе ба татбиқи лоиҳаи «Меъёрҳои ахлоқӣ» пардохтааст ва дар доираи он матолиби ВАО-и чопӣ ва электрониро дар заминаи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданист, огоҳӣ аз мавқеъ ва вокуниши ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа тавассути гўшаи «Тамос бо мо»-и сомона бароямон хеле муҳим аст”, — зикр намуд Қироншоҳи Шарифзода.Ёдрас мешавем, ки Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ҳайси мақоми ҷамъиятии мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО 30 октябри соли 2009 таъсис шудааст. Муассисони ин Шӯро созмонҳои журналистии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, ширкатҳои расонаҳои “Азия-Плюс”, “Чархи гардун”, «Оила» ва чандеи дигар мебошанд.

Июль 23, 2013 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!