Супориши Рамазон Раҳимов — назорати қатъӣ дар додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷаласаи фаврӣ доир ба фаъолияти хизматии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар хатҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид. Бар пояи иттилои сомонаи расмии ВКД дар ҷаласа масъалаҳои вазъи садаманокӣ дар кӯчаю хиёбонҳои ҷумҳурӣ, содиршавии садамаҳои марговар, ҳолатҳои вайрон кардани интизоми хизматӣ, риояи қонун, муносибати дағалона бо шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳ ва танзими ҳаракати нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар фаъолияти кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани интизоми хизматӣ ва муносибати дағалона бо шаҳрвандон ба назар мерасад. Ҳамчунин, Вазир дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти БДА ва Воҳиди махсус дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ ва зери назорати қатъӣ гирифтани супоридани имтиҳон ва додани ҳуҷҷатҳои ронандагиро махсусан таъкид намудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






