Тӯйи хайрияи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).- Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштирок дар тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд оғоз ёфт.Ин маросими бошукӯҳ ва дар айни замон каммасрафи хайрия дар деҳаи Чапаеви ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.Ба ҳар як оилаи ҷавон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии хайрия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки аз телевизор, яхдон, мошини дӯзандагӣ, чангкаш, қолин ва дигар ашёи рӯзгор иборат аст.Ба кӯдакони хатнашавандаи оилаҳои ниёзманд бошад, сару либоси гуногун, дучарха, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ғайра тақдим карда шуд.Базми шодию фараҳи дастаҷамъона, ки барои навхонадорон ва кӯдакони ханташаванда ва ҳамчунин наздикону пайвандани онҳо барпо гардид, басо зебою хотирмон ҷараён гирифт.Нишоти бепоёни онҳо беш аз ҳама аз иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин базми хурсандияшон буд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сипас ба ошёнаи дуюми ҳамин бино баромада, ҳамчунин ба 359 нафар кӯдакону наврасон ва донишҷӯёни 7 ноҳияи вилояти Хатлон, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд. Онҳоро аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷамъ овардаанд.Ба наврасони аз синфи 7 боло ва донишҷӯёни ятим дар баробари дигар ашёи зарурӣ, яктогӣ планшет тақдим карда шуд.Ҳамин тариқ, тайи боздиди корӣ аз вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 629 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ расонд.Ҳамчунин дар шаҳри Курғонтеппа ва 3 ноҳияи ин минтақа тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳузур доштани роҳбарият ва масъулини бахшҳои иҷтимоии ноҳияҳои мазкур онҳо ва кулли мардуми саховатпешаро ба ғамхории доимӣ ба аҳолии ниёзманди кишвар, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра ҳидоят намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






