Таҳияи либоси миллӣ ба пешхизматҳои ҳамоиши байналмилалӣ
Душанбе, 29 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 август дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун пешхизмат ба меҳмонону иштирокдорони ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ хизмат мерасонанд. Сироҷиддин Валиев- раиси Итифоқи «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон мегӯяд, ки аллакай аз ҷониби «Тоҷикиматлубот» барои ин донишҷӯён либосҳои миллӣ омода шудаанд, ки муаррифгари фарҳанги бойи тоҷикон аст. Масъули «Тоҷикматлубот» -и кишвар афзуд, ки ин ниҳод бобати омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар бахши хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 200 нафар ва дар Донишгоҳи давлатии иқтисод ва савдои Хуҷанд 140 нафар мутахасисони пешхизмат дар сатҳи байналмилалӣ омода карда шудаанд, ки онҳо дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ду гуруҳ -50 нафар донишҷӯй дар курси саввуми бахши хизматарсонӣ таҳсил менамоянд, ки баъди хатми донишгоҳ дар соҳаи хизматрасонии кишвар фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






