Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар ҷаҳон
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).- Ҳамасола 2-юми июл бо дастгирии Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ин рӯзро ҷашн мегиранд.Бино ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, “AIPS — ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст ва айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, узви он мебошанд. AIPS миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад ва барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АIPS дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир буда, президенти он Гианни Мерлои итолиёвӣ мебошад” Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ узви Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ мебошад. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми AIPS, ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шудааст. “Ҳадафи аслии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад” — иброз дошт Нарзулло Латифов.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






