Таъмири 32 адад пул дар шаш моҳ
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар нимсолаи аввали соли 2013 фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ба 1 миллиону 58 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд,- гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов. Аз ҷумла, ҳаҷми интиқоли бор ва почта дар ин давра аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2312,8 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан мусофирбарӣ 3 фоиз кам ва боркашонӣ 8,7 фоиз зиёд гардидааст. Пасравии ҳаҷми мусофирбарӣ ба коҳиши нишондиҳанда аслан ба дохили кишвар тааллуқ дошта, дар самти байналмилалӣ он 24 фоиз зиёд гардидааст. Саҳми ширкатҳои нақлиёти ҳавоии ватанӣ дар ҳамлу нақли мусофирон ҳамагӣ 45,4 фоизро ташкил медиҳад.Инчунин дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2013 бо истифода аз ҳама гуна маблағгузориҳои дохилӣ ба маблағи 31 миллион сомонӣ дар қатори дигар корҳои нигоҳдорӣ 137 км роҳ, 32 адад пул таъмиру барқарор шудаанд. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар 16 иншоот корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






