Тарабхонаи соҳибкори тоҷик дар Маскав

Июль 2, 2013 15:14

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар минтақаи Видноеи вилояти Маскави Русия меҳмонсарои «Сино» дари худро барои муштариён боз намуд, ки муассиси он соҳибкори шинохтаи тоҷик Абдуқодир Ҷабборов аст.  Дар маросими ифтитоҳи меҳмонсарои «Сино» Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия, намояндагони сохторхои ҳукумати маҳаллӣ ва тоҷикони муқими шаҳру вилояти Маскав ширкат намуда, ба фаъолият шуруъ кардани меҳмонсарои «Сино»-ро падидаи нек дар равобити ду кишвар арзёбӣ карданд. Абдумаҷид Достиев доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия ибрози назар намуда, гуфт, ки мардумони ҳар ду кишвар дорои таърихи ҳамзистии қариб 70-сола доранд. Владимир Бодрягин -намояндаи ҳукумати маҳаллии Видноеи вилояти Маскав икдоми соҳибкори тоҷикро шоистаи дастгирӣ маънидод намуда, гуфт, ин меҳмонсаро ва тарабхонаи «Сино» метавонад дар Видное василаи беҳтарини муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ ва дастархонороии тоҷикон гардад. Саттор Ҳалимов- сарвари меҳмонсарои тоҷикӣ дар вилояти Маскав мегӯяд, ба меҳмонсаро гузоштани номи «Сино» беасос нест. Зеро номҳои бузургони миллати тоҷик шуҳраи ҷаҳонӣ доштаву «корти муаррифии миллат» гардидаанд. Меҳмонсарои «Сино» дорои тарабхона буда, дар он сарошпази тоҷик Икромиддин Шарипов таомҳои гуногуни тоҷикиро омода намуда, пешкаши муштариён мегардонад. Бо оғози фаъолияти меҳмонсарои «Сино» иддае аз ҳамватанони мо ва бархе аз сокинони маҳаллии вилояти Маскав соҳиби ҷои кор мегарданд Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар радифи ифтитоҳи меҳмонсаро, хамчунин китоби муассиси маҷмааи меҳмонсароҳои «Сино» дар Тоҷикистону вилояти Маскав Абдуқодир Ҷабборов таҳти унвони «Равзаи саодат» муаррифӣ гардид. «Равзаи саодат» дар нашриёти «Ношир»-и Хуҷанд чоп гардида, дар он асарҳои публисистӣ ва мақолаву мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Маросими ифтитоҳи меҳмонсарои «Сино»-ро дастагули мусиқии ҳунармандони тоҷик шукуҳманд намуд.

Июль 2, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд