Умри пурсамар
Шаҳринав, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Нашриёти «Офсет-Империя» китоби нави шоир, олим, ромишгар ва муҳаққиқи шинохта Сайфиддин Акрамзодаи Тӯдаиро таҳти унвони «Дарёи эҳсон» бо теъдоди ҳазор нусха дастраси хонандагон намуд. Китоб фаъолияти пурсамари байтор-зооветеринари номии ҷумҳурӣ, шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдухолиқ Қосимзодаро рӯи чоп овардааст. Муаллиф тамоми паҳлуҳои зиндагии ин шахсияти илмдӯсту фарҳангпарварро ҳам дар шакли назм –достон ва ҳам дар шакли наср тасвир намуда, шиносоӣ ва дӯстии ӯро бо шахсиятҳои машҳури ҷумҳурӣ баён намудааст. Китоби «Дарёи эҳсон»-ро метавон як асари таърихӣ, илмӣ ва адабӣ ном бурд. Қиммати асари мазкур, ки беш аз 700 саҳифаро дар бар гирифтааст, боз дар он аст, ки дар он асари «Асрори худӣ»-и Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ пурра нашр ёфтааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






