Усули биологӣ- ҳифзкунандаи муҳити зист

Июль 27, 2013 11:16

Восеъ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Таҷрибаи ҷаҳонии хоҷагидорӣ нишон дод, ки кӯшишҳои паст кардани сатҳи зиёноварии организмҳо ба истифодаи яккарата ва бисёркаратаи воситаҳои химиявӣ натичахои дилхоҳ надода, баръакс як қатор паёмадҳои манфӣ ба бор овард. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон дигарбора аз усули биологӣ, хусусан ҳашароти фоидаовар истифода бурда мешавад. Бо мақсади дастгирии кишоварзон дар ноҳияи Восеъ ташкилоти ҷамъиятии «Дурандеш» лабараторияи биологӣ ташкил намудааст, ки дар он мутахассисони соҳа намудҳои гуногуни ҳашароти фоидаоварро парвариш мекунанд. Ҳашароти фоидаовар, ки бар зидди ҳашароти зараррасон пешбинӣ шудааст, дар заминҳои кишти пахта ва дигар махсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Мутахассисон вобаста ба пайдоиши ҳашароти зараррасон дар заминҳои кишоварзӣ миқдори муайяни ҳашароти фоидаоварро мегузоранд ва ба деҳқонон тарзи гузоштани ҳашаротро меомӯзанд. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2009 фақат 20 хоҷагихои деҳқонӣ ва инфиродӣ барои истифодаи усули биологӣ бо ҳашароти фоидаовар бо ташкилоти «Дурандеш» ҳамкорӣ кардаанд ва дар соли 2012-2013 шумораи хоҷагиҳо ба сад адад расида, майдони 600 гектар коркард шудааст. Бартарии дигари усули биологӣ дар он аст, ки ба муҳити зист зарар намерасонад ва ба пастравии пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ низ мусоидат мекунад.

Июль 27, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд