«Взгляд в будущее» барои муҳоҷирони тоҷик маълумотнома таҳия кардааст
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Взгляд в будущее» дар шаҳри Санкт Петербург маълумотномаи навро бо унвони «В помощь трудовому мигранту» аз чоп баровард.Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР хабар дод, нахустин нусхаҳои маълумотнома аллакай дар фурудгоҳи Пулково-1, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар мавзеъҳои ҷамъшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ройгон таксим карда шуд. Қисме аз маводи интишоршуда барои минбаъд тақсим гардидан ба диаспораҳои тоҷикистониён дар Петербург супурда шудааст.Дар маълумотнома асосан масъалаҳои маъмулие, ки муҳоҷир рӯбарӯ мешавад, роҳҳои ҳалли ин мушкилот, унвони мақомоту ташкилотҳои масъул, ки муҳоҷир имкон дорад ба онҳо ҳангоми ба амал омадани ин ё он муаммо муроҷиат намояд, нишон дода шудааст. Ҳамчунин, як бахши маводро тавсияҳо оид ба қоидаҳои рафтори шоиста дар кишвари будубош ташкил менамояд. Маълумотнома бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, рӯи чоп омадааст. Бояд гуфт, ки ташкилоти «Взгляд в будущее» ин ҳамон созмони ҷамъиятист, ки моҳи марти соли гузашта маводи иттилоотиеро бо акси муҳоҷирони меҳнатӣ дар шакли асбобҳои сохтмонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ интишор кард ва ин амал мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифта буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






