Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи тадорукот таҳти раёсати Сарвазир
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Имрўз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ҷамбастии Кумитаи тадорукоти Конфронси сатҳи баланд доир ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Дар ҷаласа нахуст оид ба масъалаҳои муҳими ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ ахбори аъзои кумитаи тадорукот шунида шуд. Тавре ки таъкид гардид, ҷараёни бақайдгирии иштирокчиёни ин конфронс дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, то ба имрўз ширкати намояндагону коршиносони зиёда аз 67 давлати дунё ва беш аз 20 ташкилоту созмони минтақавию ҷаҳонӣ расман тасдиқ шудааст. Оқил Оқилов аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки то рўзи баргузории конфронс мушкилоти мавҷударо бартараф карда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии муҳими байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






