293 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуд

Август 14, 2013 09:13

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Тавре ки аз дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар тӯли 7 моҳи соли 2013 кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар маҷмуъ 508 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон будубош доранд, тартиб дода, 293 нафари онҳоро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карданд.  «Аз ҷумла, 74 нафари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 33 нафар шаҳрванди Афғонистон, 41 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, 62 нафар шаҳрванди Покистон, 4 нафар шаҳрванди Бангладеш ва 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд»,-гуфт сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ. Аз 215 нафари боқимонда ҷарима ситонида шуд.

Август 14, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад