Амали хайр дар моҳи Рамазон
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Кӯлоб барои 160 нафар ниёзманд ва коромӯзи марказҳои омӯзиши дӯзандагӣ маросими ифтори моҳи мубораки Рамазон ташкил карда шуд. Ифторро намояндагии дафтари Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар яке аз тарабхонаҳои бошукуҳи боғи Исмоили Сомонии шаҳр барпо намуд. Дар маросими ифтор мудири дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Саидмахдӣ Ибодӣ, роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб Усмон Хушвақтов ва сархатибони масоҷиди Кӯлоб ширкат намуда, моҳи шарифи Рамазонро ба иштирокдорон табрик гуфтанд. Имомхатиби масҷиди ба номи Салмони Форс шаҳри Кӯлоб Абдурашид Одиназода дар назди ҳозирин роҷеъ ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон суҳбат намуда, иқдоми намояндагии Кумитаи имдод ва шаҳрдории Кӯлобро ҳамчун амали хайр дар ин моҳи шариф арзёбӣ кард. Назар ба иттилои Абдуғаффори Солеҳ, масъули умури идорӣ ва равобити умумии Кумитаи имдод чунин маросимҳои ифтор дар моҳи мубораки Рамазон дар як силсила шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон, ба мисли Хуҷанд, Ваҳдат ва Нуробод баргузор шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






