Амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» гузаронида мешавад.Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд. Ба иттилои манбаъ амалиёти мазкур аз 31-уми август то 9-уми сентябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад.Бинобар ин аз падарону модарон ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакону наврасонро дар кӯчаву роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд, ба онҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






