Баргузории дави умумиҷаҳонии «Машъал-2013» дар Тоҷикистон
Душанбе, 16 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Аз 5-ум то 8-уми сентябр дар ҳудуди Тоҷикистон дави умумиҷаҳонии «Машъал-2013» баргузор мешавад.Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар назар аст 40 нафар варзишгар аз кишварҳои Осиё ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок намоянд.Кушоиши расмии эстафетаи машъалии «Дави умумиҷаҳонӣ-2013» дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Варзишгарон ба самти Душанбе-Варзоб, Такоб-Айнӣ, Айнӣ-Шаҳристон, Шаҳристон-Истаравшан, Истаравшан-Хуҷанд ҳаракат карда, ниҳоят дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд маросими мазкур ҷамъбаст мешавад ва варзишгарон аз тариқи сарҳади Тоҷикистон ба сарҳади Қирғизистон мегузаранд. Дави мазкур муддати 4 рӯз дар Тоҷикистон идома меёбад. Дар назар аст дави мазкур 24-уми сентябр дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷамъбаст гардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






