Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеӣ дар «Ирам»
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Дирўз дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.Ҳабиб Сулаймонӣ, сармутахассиси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин барнома гуфт: «Дар барномаи мазкур аз минтақаҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни ҳунарҳои бадеии халқӣ — заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ сабадбофӣ, гулдӯзӣ, созтарошӣ, ҷӯроббофӣ, либосдӯзӣ, гилембофӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, муҳрабофӣ, алочабофӣ, атласбофӣ, зинсозӣ, карбосбофӣ. кафшдӯзӣ, мӯзадӯзӣ, наълбандӣ, сандуқсозӣ, танӯрсозӣ, тоқидӯзӣ, чармгарӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд».Аламурод Кавраков, намоянда аз ноҳияи Рўдакӣ дар ин ҷамъомад гуфт, ки барои меҳмонон, сокинони пойтахт ва иштирокчиёни фестивал намоиши маҳсулоти қаннодӣ, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни нон, мева, нӯшокиҳоро ташкил кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






