Ифтитоҳи се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи пойтахт
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти ҳамагонӣ ифтитоҳ ёфт, ки ҳарсе бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардида, дорои шароити муосир мебошанд.Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою муҷаҳҳази таълимӣ ва дувумӣ маҷмааи сеошёнаи варзишӣ мебошад, дар назди мактаби рақами 56 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда, дорои 36 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои компютерӣ, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.Бунёд ёфтани бинои нави мактаби 56 боиси шодию нишоти зиёди омӯзгорон, хонандагон ва сокинони атрофи он гардид, зеро то ин вақт аз нарасидани синфҳо таълим дар ин мактаб дар се баст ба роҳ монда мешуд.Толори бузурге, ки дар ошёнаи якуми маҷмааи нави варзишии мактаб қарор дорад, дорои 420 ҷойи нишаст ва шароити хуб барои намудҳои гуногуни варзиш мебошад.Бинои иловагии дигари таълимӣ дар назди мактаби рақами 97, ки дар маҳаллаи Авул 2-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Ин бинои сеошёна аз 16 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.Сокинони маҳаллаи Авул 2 аз ифтитоҳи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чунки биноҳои қаблии мактаб хеле кӯҳнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимӣ низ дар онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд.Ин бинои зебо, ҳамчунин дорои толорҳои замонавии маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст, варзишӣ бо 130 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва ошхонаи муҷаҳҳаз мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






