Имзои созишнома
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маросими имзои Созишномаи қарзавии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди рушди Арабистони Саудӣ аз рӯи Лоиҳаи «Бунёд ва таҷҳизоти бархе макотиби миёна» баргузор гардид.Тавре ки аз вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, манзури лоиҳа иборат аз бунёду таҷдид ва нав кардани мебелу таҷҳизоти синфхонаҳои 15 мактаби ноҳияҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 9200 нафар хонандагон дар як баст таҳсил намоянд. Татбиқи лоиҳа ҳамчунин шароити бо ҷойҳои нави кор таъмин шудани 2000 нафар муаллимон ва ҳайати т ехникии мактабҳоро фароҳам меорад.Маблағи умумии лоиҳа 25,0 миллион долларро ташкил дода, аз ҷумла ҳиссаи қарзи Бунёди рушди Арабистони Саудӣ баробари 24 миллиону 25 ҳазор доллари ИМа ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари 75 ҳазор доллари ИМА мебошад.Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфта ва то соли 2018 давом мекунад. Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов ва аз ҷониби Бунёди рушди Арабистони Саудӣ ноиби раис ва сардори Шӯрои директорон оид ба лоиҳаҳои Бунёди рушди Арабистони Саудӣ Муҳаммад Сулиманон ал — Орифӣ имзо намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






