«Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон»- конфронси илмӣ
Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Конфронси илмю-назариявии “Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон” 16 август дар КИ ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар кори конфронс раисони махаллаву шахракхо, имомхатибон, масъулини сохаи маориф, олимону мухаққиқон ва масъулини ҳизбӣ ширкат варзиданд. Шерзод Абдуллозода(Абдуллоев), номзади илмҳои фалсафа, дотсент, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷомеа ба шуури динии солим ниёз дорад» дар ҳошияи суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, Маҳмадова Тоҷиниссо-Муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди соҳаи маориф дар даврони истиқлолият», Шамшеров Комилхон — муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи «Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҷавонон» сухан гуфтанд ва дар маҷмуъ ёздаҳ маърӯзаи илмӣ, аз қабили «Саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт», «Номгузорӣ суннати ниёгон аст», «Носипос худоношинос аст», «Дастовардҳои ҷавонон дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маводи конфронс дар шакли маҷмӯа нашр гардида, ба сокинони маҳаллаҳои ноҳия ҳамчун дастур пешниҳод мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КИ ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






