Изҳороти матбуотии Э. Раҳмон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Тайиланд

Август 19, 2013 16:45

19.08.2013, шаҳри Душанбе  Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Хонуми Олиҷоҳ Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд барои ҳусни таваҷӯӯҳ ва қабули даъвати инҷониб ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон иброз намоям.Ин ташрифи ҳайати воломақоми ҷониби Тайиландро аз кишвари худ мо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи мунтазами сиёсии байни ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла олӣ арзёбӣ менамоем.Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Тайиланд бар асари мулоқоту музокироти имрӯза ҷанбаҳои нави ҳамёрии созандаро фаро хоҳанд гирифт.Дар рафти мулоқоти ҳайатҳои ҷонибҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор гардид, ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доштанд.Ҳамзамон бо ин, мо атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи якдигарро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид кардем.Зимнан, мо аҳд кардем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саъйю талошҳои муштаракамонро баҳри таҳкими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар минбаъда ҳам идома дода, ташаббусҳои якдигарро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.Дар ин замина мо таваҷҷӯҳи ҷониби Тайиландро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.Фардо мо дар якҷоягӣ бо хонум Шинаватра ва дигар меҳмонони воломақоми Тоҷикистон, ки вориди пойтахти кишварамон шудаанд, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳусни оғоз мебахшем.Иштироки Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд дар ин чорабинии глобалии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи ҳамёрии кишварҳои мо дар самти дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами глобалӣ мебошад.Дар мавриди густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба роҳу воситаҳои истифодаи самарабахши захираҳои бузурги онҳо дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод ва гуманитариву иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо қарор дошт.Ҷониби Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз фаъолияти ширкатҳову соҳибкорони тайиландӣ дар бахшҳои доду гирифти мол, туризм ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва омодагии онҳо барои ҳамкориҳои муассир бо ҳамтоёни тоҷики худ иброз намуд.Вобаста ба ин мо аҳамияти татбиқи фаъолтари қарордодҳои пештар аз ҷониби ду кишвар имзогардидаро дар соҳаҳои тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, туризм, ҳифзи мутақобилаи сармоя ва каноргирӣ аз андозбандии дукарата таъкид намудем.Ҳамзамон ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати рушди муносибатҳои байнидавлатиашон дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм ва маориф изҳор карданд.Мо итминон дорем, ки сафари ҳайати воломақоми Шоҳигарии Тайиланд ба Тоҷикистон марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои моро оғози накӯ хоҳад бахшид.

Август 19, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд