Кӯмак ба беморон аз ҷониби Салиби Сурх
Восеъ, 20 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Восеъ намояндагии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон бо волонтёрҳои худи ҷамъият вохӯрӣ доир намуд ,ки дар он беш аз 20 нафар аъзо ширкат варзид. Мақсад аз вохӯрӣ пешгирии бемории сил ва дар ин замина баррасии корҳои анҷомдодаи аъзои ҷамъият оид ба ташвиқоту тарғибот дар ҷамоатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар тӯли як соли сипаригардида мебошад. Паримо Раззоқова, танзимгари барномаи мазкур гуфт, ки бемории сил табобатшаванда буда, шумораи беморон нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар кам гардидааст. Инчунин зикр кард, ки шумораи гирифторони ин беморӣ дар минтақаи Кӯлоб 560 нафарро дар бар гирифта, аксари онҳо сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҳамадониянд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои беморон ва решакан кардани ин беморӣ аз ҷониби Салиби Сурхи Финляндия ва Иттиҳоди Аврупо ба беморон кӯмаки аввалиндараҷа расонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






