Маҳбуби мардум
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Чанде қабл дар маркази ноҳияи Шаҳринав барномаи ҳунарии сарояндаи хушовоз Убайдуллоҳи Каромат доир гардид. Убайдуллоҳи Каромат овозхони мумтоз, боистеъдод ва навовар буда, сурудҳояш табъи дили мардуманд. Аз фаъолияти эҷодии ӯ дар рӯи саҳнаи тоҷик 30 сол сипарӣ гардид. Ӯ дар хондани сурудҳои «Шашмақом», фолклорӣ, ишқӣ, панду насиҳатӣ ҳамто надошта, қариб бо лаҳҷаю шеваи ҳар манотиқи кишвар сурудҳое эҷод кардааст, ки писанди кулли аҳолии мамлакат аст. Ҳоло ӯ ҳамчун роҳбари бадеии ансамбли «Садои Шарқ» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар айни авҷи камолоти эҷодӣ буда, баҳри сайқал додани маҳорати эҷодияш ва тарбияи шогирдон саъю кӯшиш дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






