Мулоқоти Э. Раҳмон бо ҳайати Ҳукумати Афғонистон
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид. Зимни суҳбати созанда доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои ин кишвари ҳамсоя дар ҷумҳурии мо, афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






