Мулоқоти Э.Раҳмон бо Муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ
Душанбе, 20 август (АМИТ «Ховар»).- Зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.Воил Хайрӣ пазируфта шудани пешниҳоди навбатии обии Тоҷикистонро доир ба эълон намудани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об нишонаи болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ номида, ба сатҳи омодагӣ ва баргузори конфронси байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ ҳам баҳои баланд дод.Зимни суҳбат, ҳамчунин ба авзои кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Мисри Араб пас аз воқеоти пурталотуми ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳаёти сиёсии кишвар ба зудӣ ба маҷрои муътадил ворид шуда, баҳсу мунозираҳои мавҷуда бо роҳҳои осоишта ва дар доираи қонун ҳаллу фасл мегарданд.Ба таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Миср, ки собиқаи ғанӣ дорад, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалї Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






