Мулоқоти Э. Раҳмон бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии САҲА

Август 20, 2013 15:38

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Тиерри Марианӣ масоили гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология зоҳир гардид.Авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, хусусан пас аз соли 2014, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар, мусоидат ба нерӯҳои марзбон ва дигар сохторҳо барои муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.Ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани ширкати нафту гази фаронсавии Total, ки шуҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад, қадами барҷаста дар роҳи резиши сармояҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ ба бахши нафту гази кишвари мо номида шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои парлумонӣ ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 20, 2013 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!