Мулоқоти намояндагони ҷавони аҳзоби сиёсӣ дар Хатлон
Душанбе, 17 август. (АМИТ “Ховар” Зарангези Латиф).- 15 – уми августи соли равон бо ташаббуси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон дар дафтари кории созмони мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон тибқи барномаи «Маърифати шаҳрвандии ҷавонон» ва «Барномаи демократикунонии САҲА дар Тоҷикистон» мулоқоти ҷиноҳи ҷавонони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намонядагони ҷавон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъол аз навоҳии Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ширкат варзиданд. Мулоқоти мазкур ҷиҳати фаъол гардонидани ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ, завқи ҷавонон ба аҳзоби сиёсӣ, раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, демократия ва принсипҳои он ва дигар масоил нигаронида шуд. Тавре Адҳам Мирсаидов – раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” иттилоъ дод, дар рафти мулоқот ҷавонони минтақаи Хатлон аз намояндагони ҷавони аҳзоби сиёсӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар ин мулоқот Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Боймурод Боев — роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намояндагӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






