Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Қатар
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Катар Ардашер Қодирӣ ва Раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои хориҷии Қатар шайх Абдулло ибни Носир Оли Сонӣ баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот табрикномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов унвонии Сарвазири Қатар ба ифтихори ба ин мансаб таъин шуданаш супурд. Шайх Абдулло ибни Носир номаи табрикотиро бо камоли миннатдорӣ қабул карда, аҳамияти фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Қатарро қайд намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар бахши маориф, аз ҷумла масъалаи барои таҳсили ҷавонони тоҷик ҷудо кардани квотаҳо ва имконияти кушодани роҳи ҳавоии байни пойтахтҳои ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.Шайх Абдулло ибни Носир зикр намуд, ки Давлати Қатар ҳамкорҶумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишвар саъю кӯшиш хоҳад кард. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






