Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, 21 август (АМИТ «Ховар»).- 20 августи соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Ерлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масоили рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди табодули назар қарор гирифт. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хосса ба масоили тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамкориҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ равона гардид. Ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳошияи ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ, инчунин вазъи Афғонистони ҳамсояро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои мустаҳкам намудани робитаҳо миёни вазоратҳои корхои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор намуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






