Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Истиқлолияти кишвар
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангию сиёсии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастиву эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвар дар давоми моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ мусобиқа миёни варзишгарон аз намудҳои чавгонбозӣ, гӯштини юнонию румӣ, қайикронӣ, футбол, камонварӣ, мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, варзиши сабукро дар марказ ва маҳалҳо доир менамояд.Тавре ки аз кумитаи мазкур хабар доданд, кумита ҳамчунин силсилаи чорабиниҳо, аз қабили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва машваратҳо дар мавзўи «Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон», озмуни телевизионии «Таронаи истиқлол», барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Навои ватан»-ро баргузор хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






