Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз рӯи мубоҳисаи парлумонӣ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 28 август дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз рӯи мубоҳисаи парлумонӣ таҳти унвони «Ҷоми 20 – солагии ҳамкории Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфт. Дар ин мусобиқот дастаҳои ҳамаи марказҳои вилоятӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ иштирок доранд.Мусобиқот бо ибтикори Бунёди АвруОсиё ва бо мадади намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.Мақсади асосии мусобиқот иборат аз муайян намудани ғояю мафкураи ҷавонон аз рӯи масоили рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва инъикоси ин ғояҳо дар барномаю лоиҳаҳои минбаъда мебошад. Мусобиқот дар ҳошияи лоиҳаи «Суруши ҷавонон» роҳандозӣ шуда ва он бояд фикру тасаввуроти ҷавонони кишварро дар бораи ояндаи ҷумҳурӣ инъикос намояд. Қабл аз рӯи кор овардани ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Ғарм, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд низ мусобиқоти минтақавӣ доир шуда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






