Мусодираи мухаддирот аз «Опел — Астра»

Август 27, 2013 08:42

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, кормандони агентӣ қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ ва қатъ намуданд.  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Опел — Астра» бо гумони қочоқи маводи мухаддир нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронии мошин дар дохили он ду адад халтаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи хамирмонанди ҷигариранг ва дар халтаи дуюм 12 адад бастаи латтагӣ буд, дарёфт гардид. Мутобиқи маълумотномаи озмоишгоҳи ташхиси судии АНМН маводи мухаддири мусодирагардида навъи бангдона, ки вазнаш 11 кг ва афюн, вазнаш 2 кг буданд. Маълум гашт, ки соҳиби «бор» марди 53- сола, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон будааст. Шуъбаи тафтишотии АНМН аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дастгиршуда дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ нигоҳ дошта шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти мазкур яке аз роҳҳои кочоқи маводи мухаддир аз ҶИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба ИДМ қатъ карда шуд.

Август 27, 2013 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд