Мустаҳкамкунии соҳили сойҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 20 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ба иттилои роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии зудамали механиконидашудаи минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ масъулини корхона ба мустаҳкам кардани сой ва ҷойҳои обгузаре, ки дар ҳолати хавфноки селфароӣ қарор доранд, шуруъ карда, то ин муддат дар масофаи 1500 м мачрои обгузари сойи деҳаҳои Офтоблиқо ва Зиракиро мустаҳкам намуданд, ки маблағи умумии он 533 000 сомониро ташкил медиҳад. Корхона дорои 22 техникаи муосир буда, онҳо омодаи коранд. Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони корхона якҷоя бо роҳбарияти ҷамоати деҳоти Зиракӣ роҳҳои маҳалии деҳаҳои Зиракӣ ва Офтоблиқоро дар масофаи 1 км сангфарш карда, аз таъмир баровард. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби корхона дар сойҳои деҳаи Лангари ноҳияи Муъминобод, ҷамоати деҳоти Даҳана, Тебалай ва дигар мавзеъҳо ба итмом расида, дар аксар деҳаҳои дигар гузаронидани онҳо ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






