Намоишгоҳи «Қазоқистон дар ҷаҳони имрӯза»
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 29 август дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи суратҳои «Қазоқистон дар ҷаҳони имрӯза» ба кораш шурӯъ намуд. Ин чорабинӣ ба ифтихори ду санаи хотиравӣ: 29 август — Рӯзи байналмилалии амалиёти зидди озмоишҳои аслиҳаи ҳастаӣ ва 30 август — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон роҳандозӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оғибой Смагулов ширкат доштанд.Директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳар сол 29 август ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии амалиёти зидди озмоишҳои аслиҳаи ҳастаиро таҷлил мекунад. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов дар навбати худ ба ҳамтоёни тоҷикаш барои мусоидат ба ташкили намоишгоҳи суратҳо изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъриху фарҳанги қадимӣ доранд. Дар анҷоми ин чорабинӣ Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон китоберо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд, ки аз таърихи давлати Қазоқистон нақл мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






