Натиҷаи сафари хизматӣ аз Ҷумҳурии Чин
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоева Б. ва сардори шуъбаи дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Амирбеков М. рўзҳои 10 — 30 июли соли равон дар семинари омўзишӣ дар мавзўи «Дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон», ки дар шаҳри Фучжоу, музофоти Футсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази таълим ва тайёр кардани кадрҳои тиҷорати берунаи музофоти Футсзян барои хизматчиёни давлатии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ташкил шуда буд, ки дар кори он 16 нафар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Гурҷистон ва Туркманистон иштирок намуданд.Омўзиши гузоришҳо нишон дод, ки воқеан ҳам дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар музофоти Футсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи олӣ роҳандозӣ шуда, самараи фаъолияти он назаррас мебошад. Иштирокчиёни семинар инчунин аз ҷойҳои таърихии шаҳри Фучжоу, Путиян, Сямен ва Пекин дидан намуда, аз фаъолияти ширкатҳои бонуфузи ин кишвар аз наздик шинос шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






