Озмун ба Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳии табиии кӯдакон
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба «Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳии табиии кӯдакон», ки ҳамасола аз 1 то 10-уми август баргузор мегардад, дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон байни кормандони шуъбаҳои ин муассиса озмун баргузор гардид. Тавре ки муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Сурайё Назарова хабар дод, «Барои мо ҷашнгирии даҳаи синамакконӣ ба ҳукми анъана даромада, аз соли 2001 инҷониб ҳар сол мо ба ин муносибат чорабиниву озмун ва викторинаҳо баргузор менамоем, зеро шири модар барои кӯдакон беҳтарин ғизо ба шумор рафта, саломатии онҳоро аз сирояту бемориҳо ҳифз менамояд. Пажуҳишгоҳи мо яке аз аввалин муассисаҳоест, ки сертификати «Муносибати некбинона нисбат ба атфол»-и Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-ро соҳиб гаштааст», — илова кард ӯ.Дар озмун 8 шуъбаи пажуҳишгоҳ аз рӯи чор шарт байни ҳам мусобиқа карданд. Дар байни онҳо шуъбаи таваллуд аз ҳама фаъолтар буда, ҷои аввалро соҳиб шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






