Пешгирии боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе
Душанбе: 6 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Кормандони Раёсати гумруки минтақавӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар Душанбе боз як ҳодисаи интиқоли ғайри қонунии маводи нашъадорро пешгирӣ намуданд.Дар ин бора Нурулло Шарипов, сарнозири шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод.Бино ба иттилои мавсуф, зимни ба расмиятдаррорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри 231дар самти Душанбе-Санкт- Петербург, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Сабоҳат Багриддиноваро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукӣ гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии шаҳрванд кормандони раёсати гумрук як бастаи салафании хокистарранги бӯи махсуси ғализдоштаро дарёфт ва мусодира намуданд. Мутобиқи хулосаи мутахассисони соҳа дар салафани гумонбаршуда 3 кг 477 грамм героин будааст. Вобаста ба ҳодиса ин аз ҷониби гумрукчиён парвандаи ҷиноӣ бозшуда, ба Прокуратураи нақлиётии ҷумҳурӣ фиристода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






