Проблемаи нашъамандӣ дар ВМКБ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси ВМКБ К.Алибердиева зикр намуд, ки сарфи назар аз тадбирҳои созмонҳои давлатию ҷамъиятии вилоят барои коҳиш додани паҳншавии нашъамандӣ, ин проблема ҳанӯз ҳам арзи вуҷуд дошта ва барои рафъи он бояд дар ҳошияи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ҷидду ҷаҳд карда шавад.Сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Р. Шодиков зикр намуд, ки теъдоди ҷавонони варзишгар сол аз сол меафзояд, ки ин, дар навбати худ, ба ҷилавгирии нашъамандии байни ҷавонон мусоидат мекунад.Дар хотимаи ҷаласа ба нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳодҳои муфид ворид карда шуданд.Дар ин бора аз Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






