Садои ғул-ғулаи берунаи воситаи нақлиёт меъёри худро дорад!
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади пешгирӣ ва манъи ҳолатҳои истифодаи cадои баланди ғул-ғуладори қисми садопасткунандаи воситаи нақлиёт, махсусан аз тарафи ҷавонон дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, ки аз меъёр зиёд истифода мебаранд ва боиси норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чорабиниҳо идома доранд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дараҷаи меъёри ғул-ғулаи садопаскунандаи воситаи нақлиёт ба воситаи асбоби «РОБОТРОН-00024» истеҳсоли Олмон муайян карда мешавад.Тибқи талаботи стандарти амалкунандаи ГОСТ Р-52231-2004 «Садои ғул-ғулаи берунаи воситаи нақлиёте, ки дар истифода қарор дорад, сатҳи андозаи меъёр ва усули ченкунӣ», сатҳи меъёри ғул-ғула барои:- воситаҳои нақлиёти сабукрави гуруҳи М1 ва мусофирбар-боркаш ва боркаши гуруҳи N1- 96 дБА;- автобусҳои гуруҳи М2 ва воситаҳои нақлиёти боркаши гуруҳи N2 98 дБА;- автобусҳои гурӯҳи М3 ва воситаҳои нақлиёти боркаши гурӯҳи N3 — 100 дБА, муқаррар карда шудааст.Мавриди зикр аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо ва назорати ҳамарӯза дар посгоҳҳо ва хатҳои сайр аз тарафи ҳайати шахсии БДА зиёда аз 40 далели истифодаи воситаи нақлиёт бо садои ғул-ғуладори аз меъёр зиёд ошкор гардида, нисбат ба ронандагони онҳо тибқи қисми 2 моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҷазои маъмурӣ татбиқ шудааст.Дар айни замон, чорабиниҳо дар ин самт идома дошта, ронандаҳое, ки бо садои баланди ғул-ғуладор воситаи нақлиётро истифода мебаранд, боздошт гардида, тибқи қонунҳои амалкунанда нисбат ба онҳо чораҷӯӣ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






