Шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русия нисбат ба якдигар бетараф нестанд
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Корхонаи пивобарории шаҳри Маскав панҷ нафар шаҳрванди ҷумҳуриро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Шаҳрванди ҷумҳурӣ, зодаи ноҳияи Рашт Ғафур Мирзоев иттилоъ дод, ки бо саъю кўшиши ў панҷ нафар шаҳрванд соҳиби ҷойи кор шуд. Ғафур Мирзоев дар ин корхона ба ҳайси ронандаи Директори генералӣ фаъолият дорад. Иқдоми неки ў аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия нисбат ба якдигар бетараф нестанд. Ғафур Мирзоев иброз намуд, ки бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони мо бесабаб набуд, чунки тӯли чанд муддате, ки ӯ дар ин корхона ронанда шуда кор мекард, роҳбарияти корхона боварӣ ҳосил намуданд, ки мардуми тоҷик меҳнатдўст, ростқавл ва покизакоранд. Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона ўро бо иҷозаи кор, хобгоҳ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ пурра таъмин намуда, бо пешниходи ӯ панҷ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз минтақаҳои гуногуни кишваранд, бо ҷойи кор таъмин намуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






