Созишномаи байни Тоҷикистону Русия ба тасвиб мерасад
Душанбе, 21 август.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русияро ба тасвиб расонад. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз моҳи феврали соли равон санади мазкурро сардорони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия дар асоси супориши ҳукуматҳои ҳар ду кишвар имзо намуда буданд. Тибқи ин Созишнома минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. Алҳол муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






