Таъмиру таҷдиди роҳҳои беш аз 20 кӯчаву хиёбон
Душанбе, 5 август.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).-Роҳҳои беш аз 20 кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дар соли равон, ки 21,8 км-ро ташкил медиҳанд, таҷдиду навсозӣ мешаванд. Корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» ҷараён мегирад. Ҳамзамон таъмири 41,8 км пиёдароҳҳо, беш аз 50 ҳазор метри мураббаъ кабудизор, таҷдиди чароғакҳои роҳнамо дар 32 қитъа, таъмири беш аз 10 км хатҳои барқии нақлиётӣ, равшании беруна дар масофаи зиёда аз 32 км то охири сол ба анҷом расонида мешавад. Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, инчунин таъмиру таҷдиди 3 км қубурҳои оби нӯшокӣ, зиёда аз 12 км қубурҳои оби гарм, наздик ба 30 км хатҳои баландшиддати барқӣ, хатҳои алоқа дар масофаи 24,2 км ва қубурҳои газ дар масофаи беш аз 5 км тибқи нақша ва лоиҳаҳои тасдиқшуда, ба маблағи 228 миллон сомонӣ сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






