Тасдиқи нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба таёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2013 дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/, ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён — раиси КМИР доир шуд, тасдиқ гардид. Нақшаи тақвимӣ ҷиҳати омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 банд иборат буда, он фарогири чорабиниҳои асосӣ марбут ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҷаласа ҳамзамон аъзои КМИР тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар ва тасдиқ намуданд. Масъалаи дигаре, ки дар меҳвари муҳокимаи аъзои КМИР қарор дошт, ин ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Зикр гардид, ки дар 68 шаҳру навоҳии Тоҷикистон 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ҷиҳати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. Ба дахли ин масъала Шермуҳаммади Шоҳиён –раиси КМИР таъкид кард, ки ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд. Инчунин дар ҷаласа масъалаи меъёри намояндагӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани ҷаласаи намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ ва тасдиқ шуд. Ҳамзамон, бо қарори КМИР Маркази матбуотии КМИР дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Нурулло Маҳмадуллоев- аъзои КМИР роҳбари Маркази матбуотӣ ва аъзои дигари КМИР Акбаралӣ Сатторов, ки ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, муовини роҳбари Маркази матбуотиии КМИР тасдиқ шуданд. Маркази матбуотии КМИР иборат аз 9 нафар буда, онҳо хабарнигорони васоити ахбори омма мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






