Ташкили маркази матбуотии Конфронси байналмилалӣ дар соҳаи об
Душанбе, 14 август.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон маркази матбуоти конфронси номбурда ташкил мешавад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо дар маркази матбуот барои рӯзноманигорон шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз имкониятҳои мавҷудаи маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст ба шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизоти дигари зарурии алоқа истифода баранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






