Тоҷикистону Тайланд гуруҳи байнипарлумонӣ таъсис хоҳанд дод
Душанбе, 20 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Тайланд дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Йинглак Шинаватра, Сарвазири Тайланд дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар арсаҳои мухталифро аз масъалаҳои муҳими мулоқот арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ шароити мусоид ва фазои муносиб барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байниякдигариро ба вуҷуд овардаанд. Шукурҷон Зуҳуров сатҳи равобити Тоҷикистон ва Тайландро қанотбахш арзёбӣ намуда,гуфт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сайъ намоянд. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба меҳмони олиқадр доир ба фаъолияти Парлумони Тоҷикистон маълумоти мукаммал дод. Мавсуф ҳамзамон ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Тайландро омили аслии рушди дигар соҳаҳо унвон карда, изҳор дошт, ки сафарҳои мақомоти олирутбаи Тоҷикистон ба Тайланд ва дар ин замина боздиди ҳайатҳои расмии Тайланд аз Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи дуҷонибаи Душанбе ва Бангкок ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Тайланд таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ҳарду кишвар низ аз боздиди ҳайатҳои расмӣ ба мамлакатҳои якдигар сарчашма мегиранд. Дар ин замина таъсиси гуруҳҳои дӯстии парлумонии ҳарду кишвар танҳо ба манфиати кор аст, афзуд Ш. Зуҳуров. Дар мулоқот ҳамзамон соири масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






