Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо лорд Вейверли
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).- 15 августи соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси гуруҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз лорд Вейверли баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф иброз намуданд. Дар мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






