Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо И. Бокова

Август 21, 2013 08:54

Душанбе, 21 август (АМИТ «Ховар»).- 20 августи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳо, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон омадаанд, як силсила вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла, вохӯрии вазир бо дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, ки аввалин бор бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба вуқуъ пайваст.  Дабири кулли ЮНЕСКО ба аҳамияти баргузории конфронси мазкур, инчунин ташаббусҳо ва кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои об баҳои баланд дод. Ирина Бокова ҷониби Тоҷикистонро бо ворид шудани Боғи миллии “Куҳҳои Помир” ба Феҳрасти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО табрик намуда, аҳамияти онро барои нигоҳ доштани захираҳои нодири табиат, баъзе ҳайвонот ва набототи маҳвшаванда, минтақаҳои муҳитзистӣ, пайкараҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таъкид кард. Ҷонибҳо инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илм ва маориф муҳокима намуданд. Зимни сафари худ дабири кулли ЮНЕСКО аз вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ва обанбори Норак дидан намуда, дар маросими ифтитоҳи гӯшаи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллӣ иштирок мекунад.

Август 21, 2013 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад