Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Британияи Кабир
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 31 июли соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд-Смит баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир муҳокима гардида, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи рушди иқтисод, сайёҳӣ, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд. Ҳ. Зарифӣ ва Р. Орд-Смит инчунин доир ба ҷараёни баррасии созишномаҳои байниҳукуматӣ, хусусан доир ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба андозбандии дукарата ва Созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавқеи худро изҳор намуданд. Зикр гардид, ки пурқувват намудани пояи қарордодиву ҳуқуқӣ байни кишварҳо яке аз самтҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷониба мебошад. Инчунин зикр гардид, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир босуръат рушд ёфта истодааст ва ин гуна шарикӣ бисёр қадрдонӣ мешавад. Ҷонибҳо доир ба чорабиниҳои пешомада, хусусан доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Зикр шуд, ки Британияи Кабир дар конфронси мазкур дар сатҳи муносиб иштироки худро таъмин хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






