Ян Кубиш: Ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон бояд рушд ёбанд
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш як силсила масоили вобаста ба амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Ян Кубиш гуфт: «Дар баробари баррасии масоили сиёсиву амниятӣ, инчунин мо самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Афғонистонро низ муҳокима намудем». Ба иловаи номбурда чун дар охири соли 2014 нерӯҳои посдори сулҳ аз марзи Афғонистон берун мешаванд, аз ин рӯ бояд ҳамкориҳои амниятии ду кишвар, ки бо ҳам сарҳади тӯлонӣ доранд, тавсеа ёбанд. Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ду кишварро на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба фоидаи минтақа арзёбӣ кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






